Мо, шоҳиди чӣ тавр пайдо шудани гурӯҳҳои мазҳабӣ дар олами сиёсат ва аз як созмони мазҳабӣ ба як созмони террористӣ-ифротӣ табдил ёфтани чандин гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ гардидем ва аз ҳамин хотир лозим донистем, ки ҷанбаҳои манфиву мусбати ин масъаларо бозгӯ намоем.
Албатта, бо зуҳури ин гуна гурӯҳҳои мазҳабӣ нахуст ҷомеа фикр мекунад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо фақат дар доираи мазҳаб сурат гирифта, ягон иртиботе ба сиёсат ва терроризму экстремизм надорад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна гурӯҳҳову созмонҳо маҳз ба хотири равнақ додани терроризм ва экстремизм дар гӯшаву канори ҷаҳон фаъолияти худро ба роҳ монда аз ҷониби кишварҳои қудратхоҳ сармоягузорӣ мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дин ва мазҳаб танҳо василаи таъсиррасонӣ ва гумроҳсозӣ ба ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ хизмат менамояду халос ва ин созмонҳо ягон иртиботе ба дин надоранд.
Дар мисоли чунин гурӯҳҳо метавон ТЭТ ҲНИ-ро ном бурд, ки дар номи худ калимаи исломро ба хотири гумроҳсозӣ ва сарсон сохтани мардум истифода намуда дар аст бошад, барномаи террористии омодакардаи хоҷагони худро амалӣ месозад ва ин як хатари бузург бар ҷомеа мебошад. Дар оғози зуҳури худ ин созмони террористӣ аъзоён ва пайравони худро ба кишварҳое, ки дар он ҷо урдугоҳҳои байналмилалии террористӣ ташкил шудааст, барои омӯзиш ва тамрини ҷангӣ фиристода, таҷриба ва малакаи террористии худро бойн намуд ва феълан барои кишварҳои қудратхоҳ хизмат менамояд. Аз ин лиҳоз мо, фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, вуҷуди чунин созмони террористиро хатари бузург бар амнияти аҳолии сайёра меҳисобем.