ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАШХИСИ КОМПЮТЕРӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ

Ҳамон гуна, ки маълум аст, имрӯзҳо ташкилоти террористӣ-экстремистӣ хеле зиёд гардидааст, ки ин хатар бар амнияти башарият мебошад. Зеро гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ҳадафи аслии худро ҳимоят аз дину мазҳаб унвон намуда, бештар мардумро гумроҳ месозанд ва аз ин ҳисоб сафи аъзоёни худро зиёд кард.

Аз ҷониби дигар бошад ин наҳзатиёни малъун ба хотири гумроҳ сохтани мардум ва махсусан ҷавонон ояҳои каломи шариф ва ҳадисҳоро бардурӯғ тафсир намуда, онҳоро нодуруст ва ба манфитаи худ шарҳ медиҳанд, ки дар сурати ноогоҳ будан, дилхоҳ ҷавон ба сафсатаи наҳзатиён бовар месозад. Мисле, ки ин корро наҳзатиёни палид солҳои 90-уми асри гузашта анҷом дода, садҳо нафарро гумроҳ сохтанд, ки оқибаташ пушаймонӣ буду халос.

Аз ин рӯ, мо кормандони марказ ин рафтори авбошони наҳзатиро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи суханони ин хоинон ва душманони дину мазҳаб ва душманони озодиву шарафи инсон нагарданд.