ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРИИ ТЕСТӢ: ИНТИХОБОТ РОҲКУШОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Ҳамагон хуб медонанд, ки дар ҳар давру замоне ҳам мардум ба ҳаёти сисӣ тариқи интихобот ва ҳамапурсӣ ширкат мекарданд ва ин ё он тағйиротро дар амал ҷорӣ мекарданд. Интихобот ҳам ҳамин гуна як раванди демократиест, ки барои муайян сохтани  роҳи фардои ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар кишвар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи парлумонӣ шуда гузашт, ки дар он намояндагон ва ё худ номзадҳо аз 7 ҳизб ширкат варзиданд ва натиҷаҳои назаррасро дарёб шуданд.

Бояд қайд кард, ки интихоботи имсола аз чандин ҷиҳат бо роҳҳои нав ва раванди демократишуда фарқ мекард, ки ин нишонаи баланд рафтани маърифати сиёсии ҷомеа мебошад. Зеро дар интихобот мардум ба ҳамон номзаде бештар овоз доданд, ки воқеан барои беҳбуд бахшидани вази иҷтимоӣ ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ талош варзидааст ва дар барномааш ба ин масъала таваҷҷуҳ шудааст.

Аз ин лиҳоз метавон интихоботи имсолаи номзад ба вакилони Маҷлиси намояндагонро як навъ роҳкушоӣ роҳи фардои миллат номид.

Мо, кормандони Марказ ин гуна муносибати мардумро ба ҳаёти сисёсӣ баҳои баланд дода, ба онҳое, ки дар ин маърака пирӯз шуданд, муваффақият таманно мекунем.