Бо тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон ва авзои иқтисодӣ дар ҷаҳон як силсила падидаҳои номатлуб пайдо шуданд, аз ҷумла терроризм ва эктремизм, ки ҳар ду падида ҳам номатлуб ва таҳлукаандоз аст. Пайдоиши терроризм дар ҷаҳон таърихи тӯлонӣ дорад, аммо дар Тоҷикистон бошад бо пайдо шудани ТЭТ ҲНИ рабт дорад. Нахустин амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзоёни ҳамин ҳизби террористӣ ба чашм мерасад. Характери экстремистӣ бошад дар ҳамаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ дида мешавад.
Ҳамчунин аз таҷрибаи ТЭТ ҲНИ бармеояд, ки бо созмонҳои бонуфузи монанди “Ал-қоида”, “Толибон” ва “ДИИШ” ҳамкории зич дошта, дар пайи ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба ТЭТ ҲНИ ба як маркази террористӣ дар Осиёи Марказӣ табдил гардидааст.
Аз таҷрибаи ин ташкилоти террористӣ бо созмону равияҳои хурди террористӣ-эктремистӣ зиёд намегӯем, зеро дар ин бахш ҳам ТЭТ ҲНИ ба манфиати худ истифода намудааст.
Мо, устодони кафедра ин амалҳои хунини солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки ба сари миллати тоҷик ТЭТ ҲНИ овард маҳкум намуда, терроризмро дар тамоми сайёра маҳкум менамоем.