Мо, кормандони институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ддх ба номи академик Бобоҷон Ғафуров изҳор менамоем, ки чанд моҳи охир бо сабаби бо хоҳиши худ ва ихтиёрӣ ба Ватан баргаштани аъзои ТТЭ ҲНИ, сарчашма аз шинохти ҳақиқати ҳол ва пушаймон шудани онҳо дорад, сарварону саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар фазои иттилоотӣ дасисаҳои навбатӣ ангехта, бо ин восита мехоҳанд гуноҳи хешро ба дигарон ба давлату мақомоти давлатӣ бор намояд. Тақдири сокинони ноҳияи Масчоҳ Мирзохуҷа Исмоилов, ки ба роҳнамоӣ ва фиреби Илҳом Ёқубов собиқ Раиси ТТЭ ҲНИ дар вилояти Суғд ба баҳонаи дар Олмон гирифтани паноҳандагӣ муддате дар хориҷи кишвар сарсон гардид, имрӯз боиси таассуфи ҳамагон аст. Аммо ин гурӯҳҳо рӯйрост гуноҳи хешро ба гардан нагирифта мехоҳанд, ки ҳамин рафтори разилонаашонро ба души мақомоти давлатӣ таҳмил созанд. Дар асл Мирзохуҷа Исмоилов худ давоми ин ду сол дарк намудааст, ки ин ваъдаҳои Илҳом Ёқубов ва дигар саркардагони ТТЭ ҲНИ ба ҳақиқат наздикӣ надоранд, бо изҳори пушаймонӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Чун ин гурӯҳи хиёнаткорони миллат эҳсос кардаанд, ки асрори чунин ваъдаҳои пучашон фош гардидааст, маҷбур шудаанд то ҳар гуна туҳмату буҳтонро нисбат давлат ва мақомоти давлатӣ баён дошта, худ “аз об хушк” бароянд. Аммо ҳар нафаре, ки амиқан ин навиштаи дасисаборро мутолеа мекунад, эҳсос менамояд, ки амри виҷдон ва дарки ҳақиқати фиреби назар будани ҳама ваъдаҳои ТТЭ ҲНИ ва сарвару саркардадагон Мирзохуҷа Исмоиловро водор сохтааст, ки бо хаста шудан аз маҷмӯи ваъдаҳои чандинсолаи онон ба тамом аз ҳамроҳӣ бо онҳо даст кашида, роҳи дурустро бо тавсияи падару модар ва наздикон интихоб намояд ва ба Ватан баргашта, воқеиятро шарҳу тавзеҳ диҳад, ки гумроҳ шудааст.
Мо, ин рафтори душманонаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда, аз тамоми мардуми шарифи кишвар даъват ба амал меоварем, ки ба ин суханони дасисангезонаи ин гуруҳҳои хиёнаткор дода нашаванд. Мо бовар дорем, ки аллакай худ аъзои ин гурӯҳҳо ҳақиқати ҳолро шинохтаанд ва чун дигарон ба Ватан бармегарданд.