ИЗҲОРОТИ КОРМАДОНИ ШУЪБАИ ҶАВОНОН: ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕА!

Имрӯзҳо ба ҳама маълум аст, ки терроризм ва экстремизм ба як хатари глобалӣ табдил ёфтаасту муқомиват бар он нерӯи дастаҷамъӣ мехоҳад. Чунки имрӯз, бояд ҳар як сокини кишвар огоҳ бошаду маълумоти дақиқ дар бораи созмонҳои террористӣ дошта бошад, то тавонад, ки худро аз гирдоби макру ҳилла ва найранги ин гуна гурӯҳҳои инсонбадбин ва ҷаҳолатпеша наҷот диҳад.

Афғонистон имрӯз ба маркази нооромиву бесуботӣ аз дасти созмонҳои террористӣ табдил ёфтааст ва ҳамарӯза дар ин кишвар даҳҳо нафар қурбони ҳамлаҳои террористӣ мегардад, ки ин оқибати нек надораду барои насли башар як хатари бузург мебошад. Бояд ки имрӯз пеши роҳи созмонҳои террористӣ гирифта шавад,  то онон натавонанд, ки ба насли башар ба ҳаёти осоишта таҳдид кунанд.

Мо, кормандони шуъба ба ҳама ҷавонон муроҷиат карда гуфтани ҳастем, ки дар мубориза бар терроризму экстремизм аҳл бошанд, то тавонанд ҷомеаро аз хатар наҷот диҳанд!