ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ҲАМЛУ НАҚЛ: КАБИРӢ ХОИН АСТ!

Имрӯзҳо дар нишасти САҲА , ки дар Варшава мегузарад, намояндагони гурӯҳҳои гуногун иштирок намуда, кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳе набошад, худро ҳамчун мухолиф муаррифӣ намуда, обрӯву мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд. 

Ҳарчанд ҳамаи ин аллакай ба мо маълум аст, ки ин аблаҳон ва авбошон чи хел ба Европа роҳ ёфтаанду чи тавр дар он ҷо иқомат менамоянд. Ин хоинони ватанфурӯш ва ҷинояткорони террорист, ҳамеша талош мекунанд, ки вазъиятро дар тамоми ноором созанд ва ба ҳамин роҳ мардумро ба гумроҳӣ баранд.

Мо, омӯзгорони донишкада ҳамаи ин макру найрангҳои Кабирии хоинро кайҳо боз медонем ва кӯшиш менамоем, ки чеҳраи манфурашро ба ҳамагон ошно созем. Мо бар зидди душманони Ватан ва махсусан ҷинояткорон ҳаргиз ором намешинем!