ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲАНД!

Дар шароити кунунӣ мо наметавонем аз ҳама зуҳуроти номатлуб, гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро саривақт огоҳ шавем. Зеро аксарияти гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тундрав бо бозиҳову фиребҳои гуногун ҷавононро ба дом мекашанд ва баъд гумроҳ сохт.

Дар чанд соли охир бо ба суръат рушд кардани интернет ва афзоиши шабакаҳои иҷтимоӣ шумори гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ҳам афзун шуд. Яке аз ҳамин гуна гурӯҳҳо созмони алоҳидае мебошад бо номи ТЭТ ҲНИ, ки дар чанд соли охир фақат тариқи интернет мафкураи ҷавононро тағйир додан мехоҳанд.

Ин палидон аз имкониятҳои итернет истифода намуда, ҷавонро гумроҳ месозанд ва сипас ин ҷавонон гумроҳ бо фармони инҳо амалҳои террористиро анҷом медиҳанд. Ба ҳамин хотир ҷавонони кишварро лозим меод, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фардияти худро ҳамеша ҳифз намоянд.  Зеро аз ин ҳол ҳама истифода карданаш мумкин аст ва махсусан террористони наҳзатӣ, ки ин таҷрибаро доранд, бояд эҳтиёт шуд.