ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ : РОҒУН БА МО БАХТУ САОДАТ ОВАРД!

Дар чанд соли охир чунин шодмониву сурурро надида будем, ки имрӯз шоҳид гардидем. Ид болои ид буд, таҷлили бошукуҳи 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ду рӯйдоди фаромӯшнавандаи миллати тоҷик буд. Ин албатта дергоҳ аз хотироти мардум зудуда нахоҳад шуд ва бо ҳамон нақшу ҷилое, ки имрӯзҳо ҳар хонадони тоҷик муҷаллотар аз пешина гардид, ҳамин гуна пурҷило дар сафҳаҳои таърих хоҳад монд.

Бунёди НБО Роғун аз чанд ҷиҳат барои мардуми сарбаланди кишвар муфид буда, барои минтақа ҳам хеле фоидаовар аст. Агар аз ҷиҳати экологӣ бигирем, истеҳсоли барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи аз лиҳози экологӣ безарар буда, як навъ беҳтар аст аз дигар воситаҳое, ки баҳри тавлиди барқ истифода бурда мешаванд. Ва ин барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон хеле муфид мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки бо пурра ба кор даромадани ин нерӯгоҳ мо метавонем ҳам Тоҷикистон ва ҳам минтақаро бо барқи сифатан аълои аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин намоем.

Ин давраи созандагӣ ва ободкорӣ барои Тоҷикистони азиз, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни тоза пайдо намудааст ва кишварро рӯз аз рӯз ба як икшвари пешрафта табдил додаистодааст дар таърих бо ҳуруфи заррин бояд сабт карда шавад. Зеро ин ҳама талошҳову заҳматҳову ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба ин рӯзи саодат расидем ва албатта бояд ба қадри ин ҳама расид. Мо омӯзгорони кафедра дар пайи ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, то аз пайравони арзандаву сазовори Пешвои муаззами миллат бошем.