ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ : МО ПАЙГИРИ РАФОҚАТ ҲАСТЕМ!

Чанд рӯз боз мо дар масоили баҳсталаби марзӣ сухан меронем ва кӯшиш менамоем, ки дар ин масъала риоия одоб ва рафтору ахлоқи ҳамидаро ба ҷо оварем. Ҳарчанд муноқишае, ки дирӯз сар зад аз ҷониби ҳамсояҳои қирғиз қобили таҳаммул ва ягон гуна бахшише нест.

Муносибати нодурусти сарҳадбонони ҳамсоя моро водор месозад, ки бештару зиёдтар ба ҳамсояҳо дарсӣ инсонгариву одамгари биомӯзем. Охир чи тавр мешавад, бахшид нафареро, ки бар ҷониби аҳолии осоишта, модару кӯдак, инсонҳои бегуноҳ тир бикушояд?

Оё ҳамин амалро ба ҳамсояҳо раво бинем, мебахшанд?

Ҳаргиз на ва ҳаргиз онҳо фарҳанги бахшиданро намедонанд. Ба ҳар ҳол мо ба ҳамаи ин чашм пӯшида, аз ҳамсояҳо талаб менамоем, ки дар дӯстиву рафоқат устувор бошанд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон  доим талош мекунем, то сулҳу суботро дар кишвар ҳифз намоем ва мо барои ин неъмати пурбаҳо омодаем ҷоннисорӣ намоем.

Мо ҳодисаи 16-уми сентябрро маҳкум намуда аз ҳамсояҳо талаб менамоем, ки фарҳанги ҳамсоядориро риоя карда, рафоқатро фаромӯш насозанд.