ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: АБАРҚУДРАТҲО РОҲ МЕҶӮЯНД

Дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳонро хатарҳо аз ҳар сӯ таҳдид мекунад, давлатҳои абарқудрати ҷаҳон талош  доранд  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати худ баҳри тақсимоти ҷаҳон, масоили монанд ба мисли сиёсати ҷаҳонишавиро тарғиб намуда, ҷомеъаро ба буҳрони вазнини сиёсӣ-иқтисодӣ,  терроризм ва зиддиятҳои динӣ-мазҳабӣ гирифтор намудаанд. Ва ин раванд бештару зиёдтар дар олами ислом беҳтар ба чашм мерасад.  

Яке аз проблемаҳои муҳими асри нав, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализми (тундгароии) исломӣ ва терроризми трансмиллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои олам тамоюли амиқравӣ ва паҳншавиро дорад. Ин падида аслан, зери ниқоб ва ё шиору арзишҳои динӣ амал мекунад.  Бо найрангу ҳилла психологияи мардумро иваз намуда, бо ниқобу либосҳои бегона дар байни мардум тухми кинаву адоватро мепошанд, ки боиси дилсардӣ мегардад. Аз ин хотир ин тоифа бо либосҳои сиёҳ рӯ оварда, боз мехоҳанд кадом нақшаи ғализи худро амалӣ созанд. Ба ҳамин хотир мо ҳама гуна ҳиҷобпӯшиву тарғиби либос ва фарҳанги бегонаро маҳкум менамоем.