ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: РИСОЛАТИ СУЛҲОФАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШАҲРВАНДОН ШАРТ АСТ

Ҳар як порчаи диёри азизи Тоҷикистонро гиромӣ доштан ва таҳкими сулҳу субот рисолати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар ҳар гӯшаи диёр ҳамин рисолат набояд фаромуш шавад. Чунки сулҳ дар Тоҷикистон ба ивази рехтани хуни ҷавонон дар сарзамини Тоҷикистон ба даст омадааст.

  Ягон муноқиша ба оқибати нек намеорад. Аз ин хотир, мо аҳли устодон аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки доимо фазои сулҳу амниятро дар Тоҷикистон нигоҳ доранд. Ба қадри неъмати бебаҳои Истиқлолияти кишвар бирасем!

Рисолати таҳкими сулҳро пайваста ба ҷо орем!