ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: МУҲИТИ МОРО БЕГОНА НАСОЗЕД

Пайравони ТТЭ ҲНИ бо пахши изҳорот мехоҳанд, сатру ҳиҷоб ва домани сияҳро ба сари мо бор кунанд. Ба фарҳанги бегона талқин намудани ҷавонон ҳаргиз мушкили моро осон намекунад. Муҳити фарҳангии моро либосҳои миллӣ ва рафтори суннатӣ зеб медиҳад. Аз дурӣ истода, ба Ватани мо интиқол додани ойини бегонапарастӣ амалест зишт.

Ба тақлидкорни беҳунари наҳзатиҳо гуфтанием: муҳити моро бегона насозед. Анъанаи либосушӣ ва фарҳанги волои мо мақбули ҳамагон гардидааст. Беҳуда нест, куртаи чакан ба руйхати осори гаронбаҳои маънавии ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҳунари тоҷикон мебошад.