ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: МАШВАРАТ РӮЗНОМАИ ХУДРО ДОРАД!

Камоли ифтихор аст, ки дар пойтахти мамлакатамон  нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ бо иштироки роҳбару намояндагони 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайра доир мегардад.

Аммо ба ин тадбири сатҳи баланди ҷаҳонӣ “нахуди пеши қошуқ” шуда Паймони миллии Тоҷикистон бо номаи саргушода ба сарони кишварҳои узви ин созмон муроҷиат кардааст.

Аз маҳдудияти мазҳабӣ ва бекории ҷавонон шиква намуда талаби худро пеш гузоштаанд. Якум ин ки дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо буда, маҳдудияти мазҳабӣ истисно мебошад. Дуюм, ҷавонон дар доираи тахасуси худ дар маҳалли худ ба кор таъмин мебошанд. Сеюм, ин ки ҳар Машварат рузномаи худро дорад, ки тибқи он ҷаласаҳо сурат мегирад.

Ҳангоматалабӣ ва муроҷиатҳои беасоси худро як су гузорем ва баҳри ободии Ватан саҳми сазовор гузорем.