ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: МАЗҲАБӢ ШУДАНИ МО ШАРТ НЕСТ

Ба андешаи мо устодон, гирифтори мазҳаби бегона шудани ҷавонон аз нодонист, зеро солҳои 90-уми асри ХХ озодии илму дониш, гуногунрангии мазҳабӣ, мавҷудияти мактабу равияҳои гуногуни диниву фалсафӣ, баҳсу мунозираҳои байни онҳо, ҷавлони маърифати ақливу амалӣ ва ғайраҳо маҳдуд шуда, ҷои онҳоро эътиқоди динии тақлидӣ иваз намуд. Дар хориҷи кишвар бошад, ба тараққиёти бесобиқаи илму санъат, дастовардҳои технологӣ, ихтирооти фанниву ҳарбӣ ва ғайраҳо ноил шуданд. Ин бархурди нобаробар равшанфикрон ва табақаҳои пешқадами ҷомеаро ба ҷустуҷӯи сабабу иллатҳои ин қафомондагӣ ва ба асорату мустамлика афтодани онҳо раҳнамун сохт. Иддае аз онҳо бар ин хулоса омаданд, ки сабаби қафомондагӣ ва вобастагии онҳо аз Ғарб дар хусусияти шахшудагӣ ва тағйирнопазирии дини ислом аст. Гурӯҳи дигар сабаби ақибмондагиро дар дур рафтан ва бегона шудани мусулмонон аз исломи замони муҳаммадӣ, исломи асил ва ба ҷои он омадани тақлиду хурофот ва бидъату ҷаҳолатҳо донистанд. Дар рафти ин ҷустуҷуҳо ҷунбиш ё ҳаракати ислоҳи ислом, аниқтараш ҳаракати ислоҳи шуури динии мусулмонон рӯи кор омад. Қайд намудан лозим аст, ки ҳама ҷунбишу ҳаракатҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои исломӣ, ки дар замони нав рух додаанд руҳия ва характери динӣ гирифтаанд.

Аз ин хотир, дур будан аз доираи мазҳабӣ ба нафъи донишҷу аст.