ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: БАҲРИ ФАРДОИ МИЛЛАТ ҶОНФИДОӢ МЕКУНЕМ

Саодати миллат аз шуҳрат ва бахти ҷавононаш вобаста аст. Бевосита сармоягузорӣ намудан болои ҷавон баҳри рушду нумӯи шахсият ва маърифати онҳо, ҳамчунин тарбияи инфиродии эшон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди муваффақият аз вазифаҳои асосии ҷомеъаи имрӯз дониста мешавад. Зеро ҷавонони тавоно ва муваффақ метавонад, барои миллат беҳтарин ва пурзуртарин сипар бошанд. Албатта, сипас ба маънои он аст, ки ҷавонон дар оянда метавонанд дар ҳама соҳаҳо бо таълиму тарбияи дуруст ва донишҳои муосир фаро гирифта шуда, дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият намоянд.

Ҳамон гуна, ки Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, тарбияи дуруст ва донишгҳои хуби замонавӣ ҷавононро метавонад аз гумроҳиву саргардонӣ бираҳонад. Ва маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ҳар сол зиёда аз 5500 донишҷӯ баҳри аз бар намудани илмҳои муосир ба хориҷи кишвар, яъне ба давлатҳои пешрафтаи дунё фиристода мешаванд.  Албатта ин ҳам ба хотири пешрафт ва рушди ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ мо омӯзгорони кафедраи экология тамоми ҷидду ҷаҳдамонро баҳри он сарф менамоем, ки донишҷӯён маълумоти дурусту зарурӣ гирифта, оянда ба Тоҷикистони азиз хизмат намоянд. Бояд ёдрас шуд, ки мо баҳри ободӣ ва сарсабзии миллат ҷонамонро фидо менамоем.