ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФГИ-и ДКМТ: ИФРОТГАРОӢ МАНСУБИ ДИН НЕСТ

Ҳодисаҳои ба чолишҳои сиёсӣ кашидани дини мубини ислом аз ҷониби гуруҳҳои тундгаро ва созмонҳои маҳзабӣ ба дараҷаи ифрот расонидани дин аст.

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».
Ба ҷалби ҷавонон ба ин ҷараён одамони махсус омӯзонидашуда машғул мешаванд, ки бар ивази «меҳнат»-ашон аз «фондҳои исломӣ»-и кишварҳои арабӣ маблағи қобили мулоҳизае дарёфт мекунанд.
Онгуна ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».
Гурӯҳҳои чидагири ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои дурӯғин бо ҷавонон шинос шуда, батадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд.

Аз ин хотир, арзишҳои диниро ба тарзи худ ташреҳ додани ҷавонон қобили қабул нест.