ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФГИ-И ДКМТ БА ЛОФУ ГАЗОФҲОИ МИРЗОИ САЛИМПУР

Бо вуҷуди тозакориҳо дар самти истиқлолияти комили Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони террористону ифротгароён, бадхоҳону нохалафон барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ аз ҳар гуна роҳу воситаҳо, аз ҷумла паҳн намудан маълумотҳои муғризонаи худ бо сомонаҳои интернетӣ ба шумор меравад.

Чунин нафарони дасисабоз М.Кабириву М.Салимпур ва дигарон бо гирифтани маблағи муфт ва дар пуштибонии хоҷагони хориҷии худ рӯз то рӯз суханҳои беасоси дурӯғро паҳн намуда, нисбати мақомоти қудратии Тоҷикистон тӯҳматҳои беасосе мекунанд. Хуб мешуд сараввал Мирзои Салимпур ҳамчун нависандаи мақола ба этикаҳои оддитарин риоя мекард. Зеро, аз хондани хабари он инсони дорандаи хуби ахлоқӣ баҳо медиҳад. Мафҳумҳои “фермаи ҷавоб” (ё “фабрикаи ҷавоб”)-е, ки имрӯз истифода мебранд, ба худашон хос аст. Зеро, онҳо сар карда, чун ҳайвон ба фермаи хоҷагони хориҷии худ шомил шуданд!!!

Ҳамчунин, тӯҳмате, ки нисбати кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мекунанд, ягон асос надорад. КДАМ дар Тоҷикистон яке аз мақомотҳои муҳим маҳмуб ёфта, на ҳар як шахс имконияти дар онҷо кор карданро дорад. Ин мақомот дуруст ишора дорад, ки вазъи амниятӣ дар кишвар таҳти назорат қарор дорад.

Тамоми  суханҳои инкоркунандае, ки менависад бемазмун аст. Гӯё, ки ба фаъолияти онҳо ягон нафар ё давлат маблағгузорӣ намекунад!? Ин нохалафон, ки шабу рӯз бо иғвогарӣ мағул ҳастанду дар ягон ҷо кор намекунанд аз куҷо даромад доранд!?

Мо ҳаргиз ба доми дасисаи чунин нобакорон намеафтем!