ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ ИНСОН САДОҚАТРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Бешубҳа, дар шароити муосири кишвар содиқона ба Ватан хизмат намудан, мояи ифтихори ҳар шаҳрванд мебошад. Дар мамлакати мо имрӯз ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудан имкониятҳо хело фаровонанд. Садҳо корхонаю муасисаҳо муҳтоҷи мутахассисони чашмикордонанд. Ба ин танҳо донишу заковат ва ибтикору малакаи касбӣ зарур аст. Дар ҷодаи омода намудани мутахассисони баркамол дар кишварамон қариб 50 муассисаҳои олии касбӣ ва аз ин миқдор бештар муассисаҳои касбӣ амал менамоянд, ки Донишкадаи куҳӣ-металлургии  Точикистон аз ҷумлаи онҳост

Воқеан ҳам  дар сурати расидан ба рушди зеҳнӣ ба баланд намудани сатҳи арзандаи зиндагии шоиста ноил гардидан имконпазир аст.

Садоқати худро ба Ватан бояд бо зиракии сиёсӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати феълии сарони мамлакат бояд дар амал нишон диҳем.

Камолоти маънавии инсон низ садоқат ба Ватанро тақозо мекунад.