Сар задани амалҳои зишту разил, иғвогару ошӯбангез, ки аз ваъдаҳои дуруғу фандомез, суханҳои бедалел, буҳтонҳои бофта оқибат ошкору тири нохалафон шикаст хоҳад ёфт. Мисоли равшани онро мо дар амали Шарофиддин Гадоев метавонем мушоҳида карда бошем. Ӯ ба доми макру ҳиллаи хоинон кашида шуда, аз пайи татбиқи нақшаҳои сиёҳу ваҳдатшиканонаи онҳо гардид. Зимни фаъолият дар ин ҷунбиши бадхоҳон чашми ӯро боз кард. Вай акнун аз нақшаҳои ниҳонии разилону хоинон пай бурд. Бо ҳамин тасмим гирифт, то ба ин фаъолияти ҳоҷатманд, ҳиллагар, авомфиреб хотима бахшад. Дар натиҷа санаи 15-уми феврал ниҳон аз ватанфурушон ба Тоҷикистон баргашт. Баргаштани Ш.Гадоев аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари сарвари хирадмандаш Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандонаш ғамхор аст. Ҳарчанд мухолифин эътироф гардида бошад ҳам, ҳокимияти давлатӣ омода аст гуноҳи ӯро бахшад ва ба ӯ имконият диҳад то ба Ватан баргашта, озодона кору зиндагӣ намояд. Агар не боз ҳам ихтиёр дар дасти ӯст.
Фонии Кашмирӣ мефармояд:
Эй худпараст, чанд парастори худ шавӣ,
Бар гирди хештан хатти паргори худ шавӣ.
То бехабар нагашт, кас аз худ хабар наёфт,
Бигзар зи худ ки вокифи асрори худ шавӣ.
Ба қадри обу хоки ин Ватан ва модари худ касе намерасад, ҳаргиз баракат намеёбад!