ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: ДАР ВАТАН БОШ БО КАҶКУЛИ ГАДОӢ ҲАМ!

Аз ростӣ, мо омузгорони кафедраи умумитехникии ДКМТ чунин изҳор менамоем, ки тоифае аз озодандешон дар кишварҳои Европа маскун гирифта ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ватанбезор барин ҳар гуна лофу сафсатахонӣ мекунанд.

Хумори пайраҳаҳои пурпечутоби деҳа гирад, онҳо ба хашму ғазаб омада, дастагули ҳақоратро ба унвони арбобони давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол мекунанд. Ва аҷибаш ин ки барои чунин лофзаниҳо аз хоҷаҳои худ гонорар мегиранд.

Магар дар Ватан сайру гашт кунию як пора нонро аз ҳамин ҷо ёфта хӯрӣ беҳтар нест ҳатто ба каҷкули гадоӣ бошад ҳам то дар мулки ғариб худро шоҳи сиёсат гирӣ!