ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ ОИДИ АМАЛҲОИ ҶИНОЯТКОРОНАИ ТЭТ ҲНИ

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, бо истифода аз эътимоди мардум дар шакли ҳизбҳои динӣ ва мазҳабӣ зуҳур ёфта истодаанд.

Аз ҷумла солҳои 90 – уми асри гузашта дар мамлакат ҳизби ба ном динӣ ташкил шуд, ки сабаби асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. ТЭТ ҲНИ аз рӯзи аввал то ба барҳамёбиаш бо амалҳои иғвоангезааш ном баровардааст. Дар сари ин ҳизби ҷиноӣ роҳбари гурезаи он Муҳиддин Кабирӣ меистад. Ин созмони ҷиноӣ дар тӯли фаъолияти худ қишри осебпазири ҷомеаро, аз қабили ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ кашида, ба гумроҳӣ далолат менамуд. Ҳамин далолати ба ном диниву ҷиҳодии онҳо буд, ки аксарият худро ба хоки ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистону Покистон заданд.

Лек дар охир диданд, ки онҳоро руҳониҳои наҳзатишон фиреб дода, ба коми ҷанги дохилии мамлакатҳои хориҷаи мусалмонӣ дароварданд. Аксарият ҷавонони раҳгумзада баъди фаҳмидани ҳақиқат пушаймон гардиданд. Мисоли равшани онро имрӯзҳо мо аз васоити ахбори омма дида истодаем.

Мо, кулли омӯзгорону устодони кафедраи мазкур иброз менамоем, ки нақшаву нияти разилонаи ТЭТ ҲНИ ва пайравони ӯ ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

 

(Аҳли устодони кафедра: Сиддиқов Н., Ғоибов А. ,Ахмедова Ш., Маҷидов Д.,