ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ «ДАР БАДАХШОН» ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Сафари Пешвои миллат дар Бадахшони куҳи бахри ободии ин минтакаи зебои кишвар сахми арзанда гузошт. Хамчунин, дар чори намудани тартиботи чамъияти дар ин минтака назди рохбарон вазифахои мушаххас гузошта шуд.

 

Мархилаи  давлатдории тоҷикон имрӯз дар аксари давлатҳои рӯ ба тараққӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Зеро бовуҷуди ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуданд, имрӯз иқтидори кишвар рӯ ба рушд аст. Ҳамасола дар мамлакатамон садҳо иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки бозгӯи пешравиҳост. Танҳо дар ҳошияи 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ дар вилояти Суғд то ҷашнгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ наздики 3000 ҳазор иншооти тайиноти гуногун сохта ба истифода хоҳад шуд. Сокинони кишвар аз ташрифи кории Сарвари давлат ба ин ё он минтақаи кишвар изҳори хушнудӣ менамояд. Зеро ба шарофати пои қадами Роҳбари муаззами кишвар ҳатман ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад.

Мо ҳама шоҳиди он будем, ки Президент дар  сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншоотҳои хурду бузургро ифтитоҳ намуданд. Рӯзгори ин минтақаи азими баландкӯҳ ба тадриҷ беҳтар мешавад. Аммо кӯрдилону носипосон хориҷ аз кишвар истода ба қавле «аз таги нохун чирк мекобанд». Дар кишвар зӯргӯиву мафиябозӣ кайҳо аз байн рафтааст, вақте расидааст, ки адолату ҳақиқатро барпо намуд. Воқеан ҳам аз рӯи нақли мушоҳидон имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он чанд гурӯҳҳои мавҷуданд, ки бо нашъаҷаллобиву аслиҳафурӯшӣ машғуланд. Агар пеши роҳи онҳоро нагирем, кишвар боз ноором хоҳад шуд. Ва мусаллам аст, ки ба ин кор мақомотҳои қудратӣ бояд мубориза баранд. Зеро ободии макон ва тинҷии он ҳамеша дар мадди назари роҳбари давлат аст. Ин ҳамаро кувваҳои бадбини кишвар ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, дар нигоштаҳои муғризонаашон Ҳукуматро смёҳ карданӣ мешаванд. Аммо тирашон хок мехӯрад. Зеро сокинони кишвар ба ягон ҳарфу ҳиҷои душманони миллат бовар намекунанд.

Имруз ободии кишвар ба дасти мо хамватан аст ва рушди мамлакат хам инчунин.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ёздаҳ + понздаҳ =