ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: МАРГ БАР КАБИРӢ!

Агар аз рӯзи аввали таваллуд шунданаш то ба кунун Кабирии террорист ва палид як амали дуруст карда бошад, онро таърих дар ёд мегирад, аммо тавре ки медонем то ба ҳол Кабирии палид роҳбари ТТЭ ҲНИ як амали дуруст ва некро анҷом надодаасту фақат касбу кораш хиёнат бар миллату Ватан мебошад.

Ҳатто, Кабирӣ ҳамдеҳагонаш ва хешовандонашро фиреб додаасту ба онҳо раҳм накардааст, ки ин бисёр ҳам амали ногуфтанӣ ва нодуруст мебошад. Аммо ин ҷо суоле ба миён меояд, ки инсоне, ки ақрабову авлоди худашро фиреб додааст, чӣ тавр метавонад, бар миллат хиёнат накунад?

Тавре, ки медонем Кабирӣ имрӯзҳо худашро дуӯстдори миллат муаррифӣ карда, мехоҳад ҷомеаро фиреб диҳад, аммо ҳақиқати фаъолияту рӯзгораш аз ғаддориву авбошияш қисса мекунад, ки шахсияташро фош месозад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва хиёнаткоронаи Кабирии малъунро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!