Як чанд рӯз қабл навиштаи чанд тан аз аъзоёни наҳзатро, ки дар Аврупо гадо шудаанд, мутолиа намудам. Ҳарчанд боварам намешуд, ки то ба ин ҳад онҳо бевиҷдону пастфитрат ҳастанд, аммо дурӯғгӯй буданашон бениҳоят вазнин аст. Онҳо аз номи мардум гап сохта, онро ба сафҳаи худ мегузоранд ва бо ҳамин роҳ боз як дурӯғро миёни ҷомеа паҳн менамоянд.
Охир ин аз ҳадди инсонигарӣ берун аст ва чаро маҳз ҳамин наҳзатиёне, ки аз дину мазҳаб гап мезананд, хилофи гуфтаҳои Худо амал менамоянд. Дар ҳоле, ки дини ислом дурӯғ гуфтан ва туҳмат заданро маҳкум кардааст. Ё инҳо дину мазҳаби худро доранд???
Пас аз чаро аз ислом истифода мебаранд???
Маълум мешавад, ки наҳзатиён аз дину мазҳаб ба хотири расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мекунанд ва аз дин барои ҳадафҳои нопоки худ истифода менамоянд. Нақшаи наҳзатиёни террорист ин аст, ки бо роҳи терроризми динӣ мардумро гумроҳ созанд ва ба ҳамин восита худ қудрат намоянд. Албатта кори наҳзатиён ва дафтари ТЭТ ҲНИ ҳам тамом шудааст, вале барои шармандагиашонро рӯйпӯш намудан, наҳзатиён ба хиёнати рӯирост гузаштаанд ва аз ҳамин сабаб мардумро фиреб медиҳанд ва насли ҷавонро ба гумроҳӣ мебаранд.
Онҳо аслан зери парчами дурӯғ сар баланд намуда аз ҳамин роҳ мехоҳанд, мардуми оддиро гумроҳ намоянд.