ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: ҲАМСОЯДОРӢ ҲАМ МАДАНИЯТ МЕХОҲАД!

Мо доимо сулҳу дӯстиро тараннум намуда, пайваста насли ҷавонро ба ин ҳидоят менамоем. Он чӣ имрӯзҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мегузарад ва он чи аз ҷониби ҳамсояҳои қирғиз ба мушоҳида мерасад, паёме барои пароканда намудани кабутарони сулҳ аст. Ҳарчанд бо иғвоангезиву фитнаандӯзӣ гурӯҳҳои мухталиф мехоҳанд бар нооромиву суботи Тоҷикистон халал расонад, аммо дар ин ҷода хеле қавӣ ҳастем. Ҳарчанд ҷониби қирғизистон аҳди худро шикаст, лек мо миллати тоҷик ҳаргиз аҳд нахоҳем шикаст.

Бисёр мешавад, ки баъзан муноқишаҳо аз пайи амалҳои беҳуда сар мезананд ва дар охир боиси пушаймонӣ мегардад. Барои чунин ҳодиса ба амал наомаданаш ҳамсояҳои қирғизро мебояд одоби ҳамсоядориро риоя намоянд. Фарҳанг ва анъанаи миллати тоҷик ҳамеша барои миллатҳои дигар пандомӯзу намунаи ибрат будааст ва имрӯз барои ҳамсояҳо ҳам набошад.

Он амале, ки шоми 16-уми сентябр шуда гузашт, қобили қабул набуда, мо онро маҳкум менамоем ва  аз ҳамсояҳо талаб менамоем, ки одобу маданияти ҳамсоядориро риоя намояд.