ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ТЕХНИКИИ ДКМТ: ШИНОХТИ РИСОЛАТ МЕБОЯД!

Моҷароҳое, ки дар асри навин рух додаанду медиҳанд, ба яқин, аз ҳамаи ҷангҳои асрҳои пешин даҳшатноктару ваҳшатзотар буданду хоҳанд шуд. Ба иловаи ин, вақте терроризму экстремизм густариш меёбад, ҳар сокини сайёра дар гӯшаи бас амни кишвараш низ эҳсоси хавфу хатар хоҳад намуд. Дар ин ҳолу вазъи мураккаби ҷаҳон дигар умед ба зиндагии осоишта намемонад.

Башар имрӯз хуб дарёфтааст, ки роҳандозии сиёсатҳои нодуруст, ҳирсу тамаъҷӯӣ, қудратхоҳиву намоиши тавоноӣ, зулму ситад ба ҳалокати инсонҳои рӯи дунё ва маҳви кураи Замин оварда мерасонад.
Тамоми васоити ахбори омма дар ҷаҳон аз ин хусус менависанду мегӯянду намоиш медиҳанд, то садду монеи густаришашон бишаванд, аммо натиҷаҳои назаррас камтар ба даст меоянд. Дар тамоми қитъаҳои олам, махсусан дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико, одамони бегуноҳ қариб ба ҳар рӯз қурбони ҷиноятҳои террористӣ мегарданд. Дигар возеҳу ошкор мебошад ва наметавон пинҳон кард, ки дар пушти ин амалҳову ҷиноятҳо киҳо ҷой доранду чӣ мехоҳанд. Ҳеҷ ҳаракату гурӯҳҳои ҷангҷӯву террористӣ бе пуштибониву дастгирии хоҷагони худ кореро ба анҷом намерасонанд. Муаммоҳои зиёди сарбастаи нокушуда дар арсаи байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки таърифи ягонаи «терроризм»-у «террорист»-ро душвор мегардонад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст».

Аз ин хотир, имруз шинохти рисолати шаҳрвандӣ муҳим аст!