Ҳарчанд маълум аст, ки бо гапи ким кадом бегонае белорусҳо имрӯзҳо ба майдон баромадаанду даст ба эътирозҳо мезананд, аммо хатари аз байн рафтани истиқлолияташон имрӯзҳо сад дар сад амиқ гардидааст. Зеро украинҳо низ замоне даст ба чунин эътирозҳо заданду оқибат имкониятҳои худро аз даст дода, кишвари тому воҳидро пора-пора намуданд, ки ин натиҷаи ҳамон бетаваҷуҳи нисбати оянда ва бозичаи дасти абарқудратҳо гардидани ҷомеа мебошад.
Дур намеравем, наҳзатиёни манфур низ аз ҳамин ҳолат истифода намуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки чи қадар мо зарару зиён дидем. Ҳамин аст, оқибати бозичаи дасти абарқудратҳо гардидан ва бояд белорусҳо аз оқибати амали худ биандешанд.
Мо, омӯзгорони кафедра ба ҳамватанони азиз гуфтанием, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, чунки имкони фиреб хурданашон аз дасти душман ба вуҷуд меояд, ки ин хеле хатарнок мебошад.