ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ХИЁНАТКОРАНД!

Чанд рӯзи охир шоҳиди хиёнати рӯирости наҳзатиён шудаистодаем. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанд пойгоҳи хабарии дурӯғгин, ки аслан корбаронаш аз журналистика бехабаранд ба пахши маводҳои бардурӯғ ва иғвоангез пардохтаанд.

          Худ шоҳид шудем, ки ин тоифа бо дастгирии хоҷагони худ дар хориҷа иқомат доранд ва аз ҳисоби пули хоҷагон маишат доранду аммо намедонанд, ки дар кишвари азизи мо чи пешравиву ободиҳо шудаистодааст. Ҳатто бехабаранд, ки имрӯз дигар касе ба ҳарфи онҳо гӯш намедиҳад. Шахсан бо чашми худ дидем, ки чи тавр наҳзатиён ба миллат ва ватани худ хиёнат мекунанд.

Онҳо пешрафтҳои Тоҷикистонро нодида гирифта, фақат кӯшиш мекунанд, то бо фармони хоҷагони хориҷияшон ҷавононро аз роҳ зананд.

Инро мо борҳо мушоҳида намудем ва имрӯз дида истодаем. Ба ҳамин хотир мо аз шумо наҳзатиёни хиёнаткор безорем ва ба хотири осудагии миллат беҳтар аст аз минбарҳои баланд номи поки Тоҷикистонро доғдор насозед!

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёнро маҳкум намуда, ба ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ лаънат мегӯем!