Терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи падидаҳои даҳшатноки чаҳони муосир буда, оқибатҳои фалокатовари он кулли сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.
Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба майдони ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, бо лавозимоти ҷангӣ таъмин намудан, маблағгузорӣ намудан, рушди афкори мазҳабӣ аз тарафи кишварҳои бо ном дӯст ба анҷом расида истодааст.
Аслан амали тарғиботи ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо ба дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад.
Имрӯз раванди босмачигариро ба ин соҳа пайванд намудан хатари зишт дорад ва мо терроризм ва экзтремизм ҳамчун вабои аср маҳкум менамоем.