Мусаллам аст, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИТ онро ташкил кард, 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар ба қатл расонида шуда буд. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод!
Аммо меҳрубонии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд
Боз ҳам дар хориҷи кишвар ин ҳизби моҷароҷӯй мехоҳад ба ҳар васила тафриқа миёни ҷомеа андозад. Аммо халқи сулхпарвар ва заршиноси Тоҷикистон медонад, кӣ дӯсту кӣ душман аст. Мо ба наҳзатиён гуфтанием, ки зӯр беҳуда назанад, зеро сулҳу субот болотар аз ҳама неъматҳост.