ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМИИ ДКМТ ОИД БА “ҲУҚУКДОНИИ” ШАБНАМ ХУДОЙДОВА

Аз сомонаҳои хабарӣ оид ба “пуштибонии ҳуқуқи кудакон дар Тоҷикистон” Шабнам Худойдова хабар ва мусоҳибаи Саидюнуси Истаравшаниро хонда ангушти ҳайрат газидем. Вай даъво мекунад, ки гуё дар Тоҷикистон ҳуқуки кудакон поймол мешуда бошад. Ба андешаи мо ин сафсатае беш нест.

Сол аз сол дар Тоҷикистон сафи кудакистонҳо ва мактабҳои тозабунёд афзоиш ёфта, хонандагон бо шароити хуби таҳсил фарогир ҳастанд. Барои модарони ҷавон ба муқобили бемориҳои сироятӣ эмкунии ройгон гузаронида мешавад. Ба хотири бунёди оилаи солим навхонадорон ройгон ташхиси хун месупоранд.

Созмонҳои хайрияи кудакон амал мекунад ва доим барои кудакон тадбирҳои фарҳангӣ мегузаронад.

Аз ин хотир, андешаҳои “ҳуқуқдони” замонавӣ Шабнам Худойдоваро маҳкум менамоем.