ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: СУРУДИ МИЛЛӢ- МЕҲРНОМАИ ВАТАНДОРИСТ

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат  пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ баррасӣ мешавад, ки бисёр дар шароити кунунӣ муҳим мебошад. Ҳамчун намояндаи аҳли маориф ва таълим ин пешниҳодро аз чанд ҷиҳат, ки хеле самимист муҳим мешуморем.  Зеро ҳамон гуна, ки маълум аст дар бисёр ҳолатҳо садо додани Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ шуру шавқ ва муҳаббатро дар ниҳоди насли наврас бедор месозад ва ин пешниҳод худ аз ҳамин сарчашмаи меҳанпарастӣ маншаъ мегирад.

Сурудани суруди миллӣ ба насли ҷавон боз ҳам ёдрас мешавад, ки вай дар куҷост ва чӣ мақсаду маром дорад ва аз кадом миллат намояндагӣ мекунад?

Ҳини қироат дар дилаш муҳаббат, дар майнааш роҳҳои пешрафту созандагӣ ва дар ниҳодаш ҳуввияти милли мерахшад, ки дар шаклгирии насли ҷавон ҳамчун як соҳибватан ин чиз бисёр муҳим аст.

Мо омӯзгорон ин пешниҳоди аҳли маорифи ВМКБ-ро пурра дастгирӣ намуда, онро дар амал татбиқ менамоем.