ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ҲАМСОЯДОРӢ БА ХУД ХОС ОДОБУ ФАРҲАНГ ДОРАД

Дар чанд соли охир миёни  сокинони  наздисарҳадии ду тараф, яъне қирғизистону Тоҷикистон ҳамеша муноқиша сар мезананд, ки дар аксари ҳолат сабабгори ин муноқишаҳо сокинони маҳаллии қирғизистон ҳастанд. Онҳое, ки солҳои т80-ум ва 90-уми асри гузашта бо ҳар роҳе ба заминҳои Тоҷикистон маскун гирифтаанд, имрӯз худро соҳиби аслии ин заминҳо ҳисобида, аҳолии наздисарҳадии Тоҷикистонро ноором менамоянд, ки хилофи қоидаҳои башарист.

Мо, албатта аз рӯи фарҳанги баланди миллат ва одоби ҳамсоядорӣ дар баъзан маврид худдорӣ менамоем, аммо ҷониби қирғизистон ба ин масъала камтар таваҷҷуҳ менамояд ва он қирғизҳои тоза ба сари мансаб расида, ҳоло мехоҳанд, ки заминҳои ғайриқонунӣ соҳибшудаашонро соҳиб шаванд. Онҳо барои соҳиб шудан ба ин заминҳо даъво пеш меоранд ва мехоҳанд ба воқеияти таърих хок пошанд, ки инро мо ҳаргиз қабул надорем.

Тавре, ки маълум аст, миллати тоҷик аз рӯйи одоби ҳамсоядорӣ то ба ҳол ба ҷониби қирғизҳо санге напартофт, аммо қирғизҳо аз ин муносибати неки мо истифода бурда, мехоҳанд худро соҳиби аслии ин заминҳо эълон кунанд, ки комилан ғалат аст.

Мо рафтори нодуруст ва даъвоҳои беасоси ҳамсояҳои қирғизи худро маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки ҳамсоядорӣ ҳам одобу фарҳанги худро дорад ва ҷониби қирғизҳо бояд онро омӯзад.