ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ : МУКОЛАМА БЕҲТАРИН РОҲИ СОЗИШ АСТ!

Аз он ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ин шабу рӯзҳо баъзан нооромиҳо сурат мегирад ва гунаҳкори аслӣ ҳам дар ин ҷониби қирғизистон аст. Ҳарчанд мо дидаистодаем, ки чӣ тавр одоби ҳамсоядорӣ ва муносибати дӯстонаро қирғизҳо вайрон кардаистодаанд, вале боз ҳам таъкид менамоем, ки ин масъала бо роҳи осоишта ҳалли худро ёбад.

Дар чанд сомонаи хабарие, ки ахборот нашр гардидааст, он қадар дурустии мавзӯъ шарҳ дода нашудааст ва аз тарафи дигар бисёре аз расонаҳо ба масъала бо мақсадҳои ғаразнок нигаристаанд, ки маълум аст.

Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки муноқиша ва бетартибиро дар нуқтаи баҳсталаб ҷониби Қирғизистон оғоз намудааст, аммо ҳоло ҳам расонаҳо ба ин масъала баҳои воқеӣ надода, ҳадафҳои ғаразноки худро мехоҳанд, амалӣ намоянд.

Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, ки мардуми Тоҷикистон ҳаргиз тарафдори нооромӣ ва ҷанг нест ва мехоҳад ҳамеша дар минтақа сулҳ бошад. Ба ҳамин хотир аз муколамаи судманд истифода намудани тарафҳо махсусан қирғизҳо беҳтар аст, аз бетартибиҳои аблаҳона.   

Мо амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсониро маҳкум намуда, тарафдори сулҳ, оромӣ ва дӯстии бардавом ҳастем.