Мо, устодони кафедраи гуманитари-иҷтимоӣ аз шаҳрвандон даъват менамоем, ки андешаҳои пучу ботил ва кибру ғурури ноҷоро аз сари худ дур сохта, ба қадри ин сулҳу оромӣ бирасанд ва монанди ҳар як фарди солимфикр баҳри рушди ин кишвари биҳиштосо саҳмгузорӣ намоянд.
Ба таъбири сархатиби вилояти Суғд Ҳ.Мўсозода,Кабирӣ буқаламунеро мемонад, ки ҳар лаҳза вобаста ба шароиту давр ранг иваз мекунад. Худбиниву худхоҳамии Кабирӣ маҷбур кардааст, ки ба хотири ному нон табрики солинавӣ намояд. Кабирӣ аъмоеро мемонад, ки роҳи даҳонро ҳеҷ гоҳ фаромўш накардаасту намекунад!
Дар орзуи қудрат Кабирӣ барин сиёсатмадорон ба корҳои зиште даст мезананд, ки ҳамон буқаламунро ба хотир меорад. Вобаста ба авзо пусти худро иваз мекунанд.
Изҳор менамоем, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба буқаламун ҷой нест. Ин ҷо майдони корзор ва содиқони Ватан аст, ки ойини ҷавонмардиро дар хизмати софидилона ба Ватан мебинанд.