ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ИҒВОБАРАНГЕЗӢ ҲАМ ХИЁНАТ АСТ!

Имрӯзҳо бисёр мушоҳида менамоем, ки аз ҷониби аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ, ки акнун дар Аврупо паноҳанда шудаанд, дасисабозиву иғвобарангезӣ бар алайҳи миллат сурат мегирад, ки ин ҳам як хиёнати бузург мебошад. Чунки наҳзатиёни манфур бо фармони хоҷагони хориҷияшон имрӯзҳо талош меварзанд, то зиёдтар миёни ҷомеа тухми кинаву адоват коранд ва аз ин рӯ бештар бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез дасисбазӣ мекунанд.

Мақсаду мароми ин наҳзатиёни палид ҳам ин аст, ки бо роҳҳои гуногун миллатро фиреб дода, гумроҳ намоянду мақсаду ҳадафҳои нопоки душманонаашонро амалӣ гардонанд. Ҳоло душманони наҳзатӣ хотири ноором шудани миллат бештар иғвобарангезӣ мекунанд, тухми низоъ пошидани мешаванд. Зеро мақсаду маромашон, нияту ғарази наҳзатиён ин хиёнат бар миллати тоҷик аст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори иғвобарангез ва душманонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо ба хотири ошуфтахотир сохтани ҷомеа лаънат мехонем!