ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРИ-ИҶТИМОИИ ДКМТ: НАНГ НАДОРАД САЛИМПУЛ

   Ба навиштаҳои Мирзои Салимпур ки гуё “ Бубинед, беш аз 200 мақолаву ҳазорон шарҳ ба зидди “Ахбор” ва ман навиштанд дар як моҳ, вале ҳадди ақал як гузориши нашршуда дар сомонаи “Ахбор”-ро бо далел рад накардаанд, ки дурӯғ бошад. Ва вақте далел надоранд, мағзи мардумро мехоҳанд бо туҳматҳои подарҳаво пур кунанд. Вақте далел надоранд, рӯ меоранд ба дашному таҳқир.”

    Аҷоиб, магар худи Салмпур дар навиштаҳои худ ба далелҳои дақиқ такя мекунад? Оё дар навиштаҳои ӯ ғарази сиёсӣ мавҷуд нест? Оё ин қаламкаш  магар  нанг дорад?

    Нафаре ки содиқ ба арсаи қаламкашӣ аст, иншо мекунад аз дастовардҳои Истиқлолият ва насли наврасро дар руҳияи ватандустӣ тарбия мекунад на ба дасисабозӣ машғул мешавад.