ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: ТУНДГАРОӢ РАВО НЕСТ

Ба ин ё он гуруҳи тундгаро шомил шудани ҷавонон моро ба изтироб меорад. Аз ин хотир,  моро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз паҳн шудани андешаҳои тундравонаву ифротгароёнаи диниву мазҳабӣ тамоми чораҳои заруриро андешем ва барои табдили тафаккури хурофотии омма ба тафаккури илмӣ талошҳои созандае дошта бошем.

Тафаккури илмӣ силоҳи пурзўр, ки бо воситаи он мо на фақат бо сухан, балки амалан низ метавонем манфиатҳои миллии худро ҳимоят намоем. Маҳз ба ҳамин васила нерўҳои манфиатҷўи минтақавӣ ва байналмиллалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар ин ҳолат имкони амалии хифзи манфиатҳои миллӣ пайдо намешавад, ки ин ба манфиатҳои онҳо муносиб аст.

Дар сурате ки ҷомеа ба шакли ором ва фазои сулҳ қарор дорад, ягон навъи тундгароӣ раво нест!