ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: ОШЁНИ “РАДИОИ ОЗОДӢ” МИНБАРИ ХУДНАМОӢ НЕСТ!

Ба назар чунин мерасад, ки мақолаи  нашрияи амрикоии Eurasianet, ки аз ҷониби муҳаррири он Питер Леонард ба нашр расидааст, Радиои Озодӣ ширкати амрикоӣ буда, бо пули Амрико фаъолият дорад. Вале гӯё ин ширкат пуштибони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, озодии матбуот ва демократияро аз дидгоҳи амрикоӣ риоя намекунад. Аҷоиб, “Тадқиқот”-и мазкур мисли паёми хонум Дейзи Синделар ба як мақсад равона шудааст, ки гӯё бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таҳти роҳбарии Соҷида Мирзо ва Аббос Ҷаводӣ аз интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон худдорӣ менамояд ва онҳо гӯё на журналистони озод, балки тӯтиёни сухангуи  Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Равшан аст, ки  хонум Дейзи Синделар ва ҷаноби Питер Леонард кадом ғоя ва андешаро таблиғ ва ба мағзи мардум ҷо карданианд. Ҳама медонанд, ки Радиои Озодӣ бо пули Амрико ба Амрико хидмат мекунад. Ин шабака кайҳост, ки симои аслии худро чун як ниҳоди Сарраёсати Марказии Иктишоф (ЦРУ) ифшо намудааст. Ин шабака дар ҷанги идеологӣ, ҷанги сард, зӯран бор кардани ғояву андешаҳои бегона, “демократия”-и фаҳш, дурӯя, духӯраи Ғарб, ҷудоиандозӣ, тақрибкорӣ ҳамто надорад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро маълумоти дуруст, воқеӣ дар бораи ТТЭ ҲНИ, сарвари ин созмони террористӣ Кабирӣ ва думравони ӯ аз нигоҳи муҳаррири нашрияи амрикоии Eurasianet оид ба Осиёи Марказӣ Питер Леонард муғризона асту, вале аз зери нохун чирк кофтани ӯ барин “рӯзноманигорон”, сиёҳ кардани Ҳукумати Тоҷикистон муғризона нест?

Мо ҳама гуна дасисаҳоро дар атрофи сиёсати сулҳҷуёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои он маҳкум менамоем ва даъват ба амал меорем, ки дониши сиёсии худро такмил диҳем.