ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТМ ВА МЕХАНИКАИ ДКМТ: ҲИФЗИ ВАТАН ВОЛО АСТ

Дар такя ба пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷӯҳ менамоянд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Зеро дар баробари Пешвои миллат мардуми тоҷик низ ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Муҳофизати муқаддасоти миллат ин заҳмати чандин солаи мост ва такмили оини ватандорӣ ҳам аз сарчашмаи сулҳу ваҳдат об мехурад.