Суханронии Пешвои муаззами миллатро дар Рӯзи дониш шуда, як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Суханони саропо ҳикмат ва андарзро дар ин оғози таҳсил шунидан аз забони Сарвари маорифпарвару хирадмандамон, бароямон басо гуворову хотирмон буд. Пешвои муаззами миллат ин навбат ба тамоми бурду бохти соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, баҳри боз ҳам ҷавобгӯ шудани соҳа ба талаботҳои асри муосир супоришу машваратҳо доданд. Зимни баромади хеш, Пешвои муаззами миллат аз воқеъаҳои вазнини паси сар намудаи миллат ёдовар шуда, баҳри дубора гумроҳ нашудани ҷавонон таъкид намуданд. Албатта, суханони Пешвои миллат ин дафъа хеле арзиши баланд дошт ва метавон ин суханҳоро ҳикмати аср номид. Зеро ҳеҷ ягон сарвари давлате нисбати насли ҷавонаш чунин ғамхориву сарпарастӣ намекунад. Он гуна, ки Пешвои муаззами миллат талошҳо мекунанд, то ҷавонон аз илмҳои муосири замон баҳравар шаванд касе чунин ғамхорӣ наменамояд. Аз ин рӯ, суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллатро мо маорифчиён баҳри худ барономаи ҳаррӯза намуда, аз рӯи ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон фаъолиятамонро ба роҳ мемонем. Мо кормандону устодони кафедраи таҷҳизоти мошинсозӣ суханони Пешвои муаззами миллатро пурра ҷонибдорӣ намуда, баҳри фардои миллат бо тамоми қувва кӯшиш мекунем.