Дар раванди кор гоҳо бо сомонаҳои интернетӣ сар мезанем ва ҳамон ҷо шоҳиди нашри матлабҳои бардурӯғу иғвобарангези аъзоёни террористӣ ТЭТ ҲНИ мегардем, ки баъзан ин тоифаи бадниҳод аз меъёр мегузаранд. Ва доираи одобу ахлоқ ва меъёрҳои журналистиро комилан фаромӯш мекунанд, ки риоя созанд.
Онҳо бештар ба нашри матлабҳои бардурӯғ пардохта, худро ҳамчун донандаи хуби сиёсат ва кори давлатдорӣ ба намоиш мегузоранд ва дар даруни матлабҳои худ ғояҳои эктремистӣ ва ифротгароиро тарғиб менамоянд, ки хилофи қонунгузории амалкунанда мебошад.
Мо ин рафтори наҳзатиёни манфурро дида ба чунин хулоса меоем, ки ин тоифаи паст бисёр ҳам ақлбофтаву бадсиришт ҳастанд ва мо ин амали ин хоинони миллатро маҳкум менамоем.