ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗӢ: БАШАРИЯТ ХИЁНАТИ НАҲЗАТИЁНРО НАМЕБАХШАД!

Аввали солҳои зуҳурашон наҳзатиён аз бовар ва ақоиди динии мардум сӯистифода намуда, аксариятро бо роҳи фиреб ба доми худ кашиданд. Ҳамчунин нафаронеро, ки аз сиёсат хабар надоранд бо роҳи фиреб аъзо намудаанд, ки  ҳатто онҳо худашон хабар надоранд.

Вале чизи аз ҳама тааҷҷубовар дар он аст, ки наҳзатиён аз номи дини ислом сухан гуфта, мардумро аз рӯи ақоиди мазҳаби шиа роҳнамоӣ мекарданд ва ба ҳамин васила мазҳаби ҳанафиро, ки беҳтарин дар ҷаҳони ислом аст, инкор карданӣ мешуданд. Онҳо баҳонаҳои гуногун мардум бовар кунонидани мешуданд, ки шиагароӣ кори гуноҳ нест ва хилофи мазҳаби мо намебошад. Ва ҳамин аст, ки аксарияти роҳбарони наҳзатӣ ва аъзоёнаш шиа шудаанд.

Аммо наҳзатиёни палид бо ин иктифо накарда барои худро беҳтар нишон додан дар назди хоҷагонашон кӯшиши ҷавононро гумроҳ карданӣ мешуданд ва имрӯз ҳам ҳамин корро карда истодаанд, ки инро башарият намебахшад. Зеро бо ақидаҳову боварҳои мардум бозӣ кардан гуноҳи бузург аст ва ҳатман ин аблаҳони наҳзатӣ рӯзе дар назди мардум ба ҳамаи ҷавоб хоҳанд гуфт.

Мо ин амалҳои наҳзатиёни ифротиро маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамоем, ки террористони наҳзатӣ ба ҳамаи амалҳои номатлуби содиркардаашон ҷавоб гӯянд.