Мо, дар чандин соли ҳастиямон ҳамеша аз рӯйи маданияту фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ рафтор намуда, талош варзидаем, то дар рафторамон нисбати касе аз ҳарфе баде нагӯем. Ва ин омил ва ё худ принсип то ба имрӯз дар ниҳоди миллати тоҷик ҳаст ва яке аз маҳаки асосии муносибат ва рафтор дониста мешавад.
Он чи дирӯз аз ҷониби ҳамсояҳои мо дида шуд, рафтори басо ногуфтанӣ ва ношуниданӣ буд. Бале, ин амали сарбозони қирғиз моро водор месозад, ки аз чаҳорчӯбаи одоб ва рафтори ҳамсоядориву муносибати нек берун бароем. Зеро на ҳар кас қодир аст, ки бар ҷониби мардуми бесилоҳ аз силоҳ тир кушояд. Охир онҳо сокинони маҳаллӣ ҳастанд ва бояд барои муколама бар назди ҳамсоя бираванд. Вале дар ҷавоб зери борони тир қарор гирифтанашон андак кори нодуруст ва маҳкум карданист.
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори дӯстиву сулҳ буда, нисбат ба ҳамсоягон эҳтироми хос зоҳир намудаем. Масалан мардуми тоҷик ҳамеша аз мақоли “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ” истифода бурдааст, ки ин бениҳоят эҳтироми баланд нисбати ҳамсояҳо мебошад.
Аз ин рӯ, мо рафтори ҳамсояҳои қирғизро маҳкум намуда, онҳоро ба дӯстиву рафоқат ва муносибати нек даъват менамоем.