ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗӢ : РОҒУН – ШОҲКОРИ ВАТАН!

Бо ба истиқлол расидани Тоҷикистони азиз, мардуми шарифи тоҷик тавонист ба беҳтарин нияту мақсадҳояш бирасад. Аз ҷумла бунёди силсила нерӯгоҳҳо, бунёди нақбҳои бузург, бунёди муассисаву фарҳангистонҳо, бунёди китобхонаву биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва боз даҳҳо, садҳо лоиҳаҳои созандагиро, ки дар амал татбиқ гардидаанд, метавон ёдовар шуд, ки варақҳо басандагӣ намекунанд. Ҳамаи ин албатта аз варақаи созандагиву ободкориҳои даврони истиқлолияти кишвари азиз аст. Ва яке аз лоиҳаи бузурге, ки имрӯзҳо пайи дар амал татбиқ гардидан аст, ин сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки бевосита зери раҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюмаш ба истифода дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳ Тоҷикистон боз ҳам баҳри расидан истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт. Зикр кардан ба маврид аст, бунёди НБО Роғун яке аз бузургтарин иншооти созандагӣ буда, сарбандаш бо баландии 335 метр дар ҷаҳон баландтарин сарбанд дониста мешавад. Давраи созандагӣ ва омодагиҳо ба кори сохтмончиёнро намешавад ин ҷо ёдрас шуд, вале имрӯз мо метавонем ба эшон фақат изҳори ташаккур намоем.

 Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар рӯзи солгарди истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон ба тамоми мардуми шарафманди тоҷик ҳадяе бидиҳанд, ки ин аз оташи нангу номус ва ҳифзи асолатҳову арзишҳои инсонӣ маншаъ гирифта, имрӯз ҳамчун нур ба манзилҳо мерафт. Имрӯз Тоҷикистон нуристон шуд, ахтаре аз замин нур меафканд ва нураш тамоми Тоҷикистонро фаро гирифта буд…

Роғун шоҳкорест аз корномаҳои созандагиву ободкории Пешвои муаззами миллат ва ин шоҳкор имрӯз ба мо самар медиҳад, ки ин бузургтарин ҳадя ба мардуми тоҷик ва минтақа мебошад.

 Ҳарчанд, нотавонбинону душманони миллат кӯшиши вайрон намудани онро доштанду аз дур санг мепартофтанд, имрӯз ба орзуяшон нарасиданд ва ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора исботи он шуд, ки Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯз ободу зебо мегардаду дар баробари давлатҳои дигар рушд мекунад. Ва ҳамин нишонаи он аст, ки моро ояндаи дурахшон ва фардои нек интизор аст.

 Албатта ин рӯз, ки яку якбора мардуми шарафманди тоҷик ду идро ҷашн гирифт, ҳаргиз аз ёдҳо нахоҳад рафт.  Рӯзе буд пур аз шодиву фараҳ ва фаромӯшношаванда.