ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ФИРИСТОДА БОЯД КИ ДОНО БУВАД

Бояд зикр кард,ки тайи айёми омодагиӽо ба ин мулоқотӽои таърихӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон,кормандони Сафорат корӽои зиёдро ба анҷом расониданд ва натиҷаи матлуби он, баёнгари фармудаи боло мебошад.
Дар ин расм,ки дафтари матбуоти Раёсати Ҷумӽурии Қирғизистон пахш намудааст,лаӽзаи салому аллейки Сооронбой Шарифович Жээнбеков бо Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суӽроб Олимзода ба тасвир омадааст.
Бояд қайд кард,ки Олимзода Суӽроб Хоҷа тайи қариб се соли маъмурият ба унвони сафири Тоҷикистон, тавонистанд дар беӽбуди равобити дӯстонаи ду кишвари ӽамсоя нақши мусбатро анҷом бидиӽанд.Дар як вақт Суӽроб Олимзода барои беӽбуди фаъолияи Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдаки пайваста ғамхорӣ зоӽир намуда ва барои рушди мактабу маорифи тоҷикон дар ин сарзамини ӽамсоя талош менамояд.
Сӯӽроб Олимзода инсони оддиву хоксору заминӣ буда ,бархурди дӯстонаву самимиро бо ӽамаи одамон,новобаста аз мавқеи иҷтимоиашон роӽ меандозад.Ба Сафири мӯӽтарам ва ӽамаи кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, дар ростои иҷрои вазифаӽои пурмасъулият пешрафту дастовардӽои бештарро орзумандем.