Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирии палиду манфур ва касифу разил дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.
Зеро наҳзатиёни манфур ва палиду касиф ба хотири гумроҳ кардани мардум ва ба даст овардани маблағи зиёдтар аз хоҷагони хориҷияшон аз ягон роҳ намегарданд ва омодаанд барои ба даст овардани маблағ зану фарзандашонро ҳам қурбони нафс созанд.
Аз ин рӯ, аз ҷавонони кишвар тақозо мешавад, ки бештар зиракии сиёсиро ҳифз кунанд ва талош намоянд, ки фирефтаи суханони бардурӯғи душманони миллат нагарданд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба наҳзатиёни палид лаънат мехонем ва нест бод ТТЭ ҲНИ мегӯем!