Ҳамин чанд рӯзи охир муносибати ҳамсоядории қирғизҳоро дида, хеле дар тааҷуб афтодам. Намешавад, бовар кард, ки наход қавме дар асри 21 аз рӯи формулаҳои асримиёнагӣ рафтор кунад?
Ҳеҷ боварам намеояд, ки ин мардум то ба ин ҳад ваҳшатзадаву ҷоҳилхӯ бошад. Аммо он чи он рӯз дида шуд, қобили таҳаммул ва сабр нест. Ин аз ҳад гузаштани меъёр аз ҷониби қирғизҳост. Бовар кардан имкон надорад, ки то ба ин ҳад муносибат қобили таҳаммул бошад. Аслан, гирем аз нигоҳи қавмият ва ҷойгиршавӣ ҳаққи мо бештар аст, аз оне ки ҳамсояҳо имрӯз даъво пеш мегузоранд.
Ба ҳар ҳол мо миллати тоҷик борҳо гузашт намудаем ва борҳо дасти сахо боз намудаем. Имрӯз сарсабзии ҳамсоякишварҳои мо аз сабаби андешаву саховатпешагии мост, махсусан Қирғизистон. Мо барои бавуҷуд наомадани низоъ ва нарехтани хуни мардуми бегуноҳ ҳамеша аз муколамаи судманд ва дуруст истифода намудаем, агарчи метавонем мисли ҳамсояҳо бо силоҳ гап занем. Аз ҳамин лиҳоз ҷониби қирғизистонро мебояд дар ин масъала андеша намояд ва дар рафтори ҳамсоядорӣ одобро нигаҳ дорад.
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу дӯстӣ ҳастем ва ин анъанаро ҳазорҳо сол боз идома додаистодаем. Мо рафтори ҳамсояҳои қирғизро маҳкум намуда, аз онҳо рафтори накӯ ва риояи одоби ҳамсоядориро талаб менамоем. Мо миллате ҳастем, ки дар ҳама ҳолат ҳамеша дӯстиро ҷустуҷӯ менамоем.