ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚӢ: ТТЭ ҲНИ СОЗМОНИ САРБАСТА

Дар замони инкишофи  илму техника ва технологияи муосир фаро расидааст. Имрӯз ҳар яки мо ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ ва интернет бемамоният ба тамоми марказҳои иттилоотӣ дастрасӣ дорем. Ин раванд барои азхудкунии иттилоот ва фаҳмидани оламу одам чизи хуб ва қулай аст. Лек дар шароити кунунӣ ин ҳама имкониятҳои васеъро гуруҳ ва шахсиятҳои ифротву дилсиёҳ ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурданӣ мешаванд ва бо ин роҳ насли ҷавонро ба туъмаи оҳанини худ дохил мекунанд, ки охири роҳи он сарбастааст.

Аз зумраи чунин созмонҳои сарбаста ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки соли 2015  дар Тоҷикистон чун ташкилоти терористӣ ва экстремистӣ шинохта шуд. Баъди ошкор гардидани амалҳои ҷиноии ҳизби наҳзат аксари аъзо роҳи гурезро пеш гирифт ва дар хориҷи мамлакат созмони ифротии худро таъсис дод..

Ҳоло дар хориҷи кишвар Кабирӣ  умри худро ба тамом дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад ва аз худ ҳар гуна наворҳои “фаҳшу” ифротӣ боқӣ мегузорад.

Мисоли  ин воҳима дар атрофи интиқоли набераи бемораш барои муолича ба хориичи кишвар мебошад. Санадхояшро соз карда бигузор равад. Аммо аз ин пиари сиёсӣ сохтан чи лозим? Ба замми ин ҷамълварии имзо як маъракаи аз аша фил сохтан аст.

Аксари изҳоротҳои ӯ беасос ва бемантиқ буда, бедонишиву беимонии ӯ дарак медиҳад. Мавзӯъ ва услуби баён як аст. Дар даст ягон варақ ва дар чашмони худ айнак доранд. Он қадар бе маданият ҳастанд, ки назди мардум баромад мекунанд ва айнакашро аз чашмони худ намегирад. Мавзӯъи баромади худро вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” вобаста карданд. Аз ҷумла Нуриддин Ризоӣ дар баромади худ таъкид дошт, ки “барои чӣ Пешвои миллат омадани селро дар ноҳияҳои Тоҷикистон пешгирӣ накард”. Ин турфа инсонҳо он қадар беақланд, ки ба хости Худо муқобил баромаданӣ ҳастанд. Зеро омадани сел, заминҷунбӣ, офатҳои табиӣ ҳамаш аз ҷониби Худованд аст. На ту ва на каси дигар тавони онро бартараф карданро дорад. Ин қонуни табиат аст. Ҳеҷ қувва ва қудрат ба қуввати илоҳӣ баробар ва ё муқобил шуда наметавонад. Лек дар чашми онҳо бояд Пешвои миллат ин офатро пешгирӣ мекард. Хушбахтона давлату ҳукумат дар ҳама ҳолат барои зарардидагони офатҳои табиӣ ёрии моддиву маънавӣ мерасонанд, ки ин ҷо ҳамаи онро номбар кардан нашояд. Зеро ин миннат мешавад.

Умуман ҳамаи даъвоҳои беасоси ҳизби наҳзатро маҳкум менамоем.

 

Шамсиев Р., Ғаниев М., омӯзгорони кафедраи таъминоти барқӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

шаш − се =